Истеҳсоли маҳсулот дар «Силкоат Бойя»

Январь 26, 2012 17:32

Суғд, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» аз ҷониби ширкати Тоҷикистон «Фортуна-Ко» ва ширкати Туркия «Силкоат» таъсис ёфтааст. Ширкати «Силкоат Бойя» маҳсулот ва маводи сохтмонии мутобиқ ба стандартро истеҳсол менамояд.Рангҳои сохтмонӣ, ки «Силкоат Бойя» истеҳсол мекунад, бидуни истифодаи маҳлулҳои химиявӣ аз об ва маҳлулҳои табиӣ тавлид мегарданд. Ин рангҳо ҷилодор буда, намӣ ва обро намегузаронанд. Маҳсулоти дигари корхона маводи муҳофизатии бинокории декоративӣ аз сангҳои табиӣ ва мармар, масолеҳи андоваю пардози деворҳои дарунӣ ва берунии иншоот аст ва дар корхона дар як моҳ 160 тонна масолеҳи ранг ва маводи ороишию декоративӣ истеҳсол карда мешавад.Мувофиқи пешбинӣ то охири соли равон истеҳсоли маҳсулот ба 1000 тонна хоҳад расид, ки ин миқдор талаботи бозори дохилиро конеъ менамояд.

Январь 26, 2012 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад