Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзудааст
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт ва дурнамои он мавриди арзёбӣ қарор гирифт.Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ баҳри муваффақ гардидан ба инкишофи устувори соҳаҳои мухталифи шаҳр, инфрасохтори он, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, ки мақсади он барои ҳар як сокини шаҳр фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда мебошад, тадбирҳои мушаххас меандешад. Зикр шуд, ки соли гузашта дар пойтахт ба маблағи 812 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба соли 2010 беш аз 100 % зиёд аст. Даромади умумии буҷати шаҳри Душанбе дар соли 2011 –ум 711,8 миллион сомониро ташкил дод.Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои дигари марбут ба соҳаҳои мухталифи пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласа муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ҳузур дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






