Истифодаи самараноки китобхонаи электронӣ дар Донишкадаи иқтисодӣ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар, Раъно Нусратуллоева»).- Дар давоми соли сипаригардида устодони донишкада 17 монографияи илмӣ, 8 китоби дарсӣ, 11 дастури методӣ, 13 васоити таълимӣ, 170 барномаи таълимӣ ва теъдоди зиёди мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ ба чоп расониданд,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев.Дар донишкада дар соли 2011 237 нафар устод фаъолият намуданд, ки 82 нафарашон дорои дараҷаи илмиянд. Ҳоло дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон 18 нафар доктори илм ва 64 нафар номзади илм, ки 15 нафари онҳо занҳо мебошанд, барои пешбурди раванди таълим ҷалб шудаанд. Соли ҷорӣ дар назди кафедраи забонҳои донишкада бо мақсади омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба нақша гирифта шудааст. Китобхонаи электронии донишкада аз ҷониби донишҷӯён самаранок истифода мешавад. Дар соли 2011 ба захираи китобхонаи электронӣ 200 китоби дарсӣ, тахассусӣ ва илмию методӣ, инчунин матни маърӯзаҳо аз тамоми фанҳои таҳсилӣ ворид карда шуданд. Ҳамзамон дар ин давра 59 компютер, як адад дастгоҳи чопи бисёрвазифавӣ, 20 адад принтер, дастгоҳи табъу нашр ва дигар технологияи муосири таълим ба маблағи зиёда аз 290 ҳазор сомонӣ харида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






