Истифодаи технологияи камасрафи барқӣ дар саноат
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар давоми соли 2011 дар озмоишгоҳҳои метрологии Тоҷикстандарт 329 ҳазору 448 адад воситаи ченак аз санҷиши мутобиқат гузашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 ҳазору 343 адад зиёд аст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизация, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шукуров.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки соли сипаригардида дар озмоишгоҳҳои хадамоти давлатии метрологии Агентӣ 132 ҳазору 202 адад ҳисобкунаки барқӣ, 11 ҳазору 415 адад ҳисобкунаки газию обӣ ва 4 ҳазору 743 адад нуқтаи сайёри фурӯши сӯзишворӣ ва зарфҳои нигоҳдории сӯзишворӣ аз санҷиши мутобиқат гузаштанд. «Агентии мо бо мақсади истифодаи технологияҳои камасрафи барқӣ дар соҳаи саноат тасмим гирифтааст дар соли 2012 дар озмуни маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баҳогузорӣ масъалаи мазкурро ҳамчун нишондиҳандаи асосӣ ба инобат гирад», — иброз намуд Б. Шукуров.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






