Истихроҷи газ афзоиш меёбад
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазорати энергетика ва саноати ҶТ якҷоя бо мутахассисони соҳаи нафту гази Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ ва ангишт» таъмиру таҷдиди 103 чоҳи кони «Патинак» — ро анҷом доданд, ки дар натиҷаи ин истихроҷи гази табиӣ дар як шабонарӯз аз 5 ба 10 ҳазор метри мукааб расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, ин ҳаҷми газ пурра ба шаҳри Кӯлоб равона мешавад. 11 январи соли ҷорӣ боз як маҳаллаи шаҳри Кӯлоб бо гази табиӣ таъмин гардид.Дар кони «Сурхсимо» ҳар шабонарӯз то 20 – 25 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истихроҷ гардида ва он дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баҳрабардорӣ мешавад. Ғайр аз ин бо мақсади афзоиш додани истихроҷи гази табиӣ ҳоло пармакорӣ аз ҷониби ширкати «Газпром» — и Федератсияи Русия дар чоҳи рақами якуми Сариқамиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






