Иттиҳоди Аврупо кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро меафзояд
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 12-уми январи соли равон дар шаҳри Брюссел Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Комиссари Аврупо оид ба рушд Андрис Пибалгс, ки масъули барномаҳои молиявӣ ва техникии Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои сеюм мебошад, вохӯрӣ анҷом дод.Ҷонибҳо ҳолати феълӣ ва дурнамои рушди фаъоли муносибатҳои дуҷониба дар ин соҳаҳоро муҳокима намуданд. Сафири Тоҷикистон барои дастгирии иқтисодиёт, буҷа, иҷтимоиёт, маориф, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мустаҳкамкунии сарҳадот аз чониби Иттиҳоди Аврупо изҳори сипоси хешро баён намуд. Р. Солиев аз мусоҳиб дар хусуси зиёд намудани шумораи барномаҳои иқтисодӣ ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, бахусус васеъ намудани кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ дар доираи барномаҳои мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мустаҳкамкунии сарҳадот, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвар изхори хоҳиш кард. Андрис Пиебалс изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро яке аз кишварҳои калидии минтақа дар самти мубориза алайҳи чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ҳисобида, ҳамзамон кӯмаки худро дар ҳама самтҳо зиёд менамояд. Ба ин мақсад, қарор намуд, ки дар моҳи январи соли чорӣ ду нафар аз роҳбарияти Комиссияи Аврупо оид ба кӯмаки молиявӣ ва техникиро ба хотири муайян кардани самтҳои асосӣ ва самтҳои густариши минбаъдаи мусоидати молиявӣ-техникии Иттиҳоди Аврупо ба Точикистонро ба Душанбе равон кунад. Инчунин тарафҳо вазъи минтақа ва Афғонистонро муфассал мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҳошияи масъалаи матраҳшуда, Сафир Р. Солиев ба мусоҳиб оид ба рафти омодагии гузаронидани Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ дар Афғонистон, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, муфассал иттилоъ дода, иштироки фаъоли намояндагони Иттиҳоди Аврупоро дар кори форуми мазкур хоҳиш кард. Ин дархост аз ҷониби Комиссари Аврупо мусбӣ пазируфта шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






