КҲМЗ натиҷаи солро ҷамъбаст намуд

Январь 11, 2012 11:16

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров ). – 10 январ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти (КҲМЗ) назди Ҳукумати ҶТ натиҷаи фаъолият дар соли 2011 ва дурнамои соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифт.Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов натиҷаи фаъолияти солонаро ҷамъбаст намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар ҳошияи барномаи «Таъмини устувории экология» ва нақшаи тадбирҳои «Стратегияи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 – 2012» як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, масоҳати ҷангалзори ҶТ то соли 2012 баробари 400 гектар васеъ гардида, масоҳати мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ба 62178 гектар расид, ки назар ба соли гузашта 23 фоиз зиёд аст. Соли 2011 — ум 21 ҳазору 682 тафтишоти соҳавию таъҷилӣ роҳандозӣ шуд, ки назар ба соли 2010 баробари 25,1 фоиз зиёд мебошад.Дар анҷоми ин чорабинӣ нақшаи кори Кумита иборат аз 45 банд баррасӣ ва қабул шуд.Дар кори маҷлиси солона муовини Сарвазири мамлакат Алимардонов Муродалӣ ширкат дошт.

Январь 11, 2012 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад