Кӣ ба курсии вакилӣ менишинад?

Январь 16, 2012 14:52

Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 16 январ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, баррасӣ гардид. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ гуфт, ки тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндаи ҲХДТ Абдураҳмон Хонов аз ҳавзаи якмандатии умумиҷумҳуриявӣ бидуни баргузории интихобот дар курсии вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат менишинад. А. Хонов сардори бахши тарбияи ватанпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Бояд зикр кард, ки Ҳаёт Одинаев 10 январи соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласа инчунин Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Конвенсияи эътирофи асноди тахассусҳои таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Герсогии Бузурги Люксембург оид ба алоқаи ҳавоӣ баррасӣ шуданд.

Январь 16, 2012 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст
Оид ба пешниҳоди «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо то соли 2040» ҷаласаи корӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст