Кӯчонидани аҳолӣ тибқи қарорҳои марбута
Душанбе, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли сипаришудаи 2011 дар ҳудуди кишвар беш аз 1200 оила аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ба водиҳо кӯчонида шуданд, ки 130 %-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 144 оила, Суғд 509 ва аз ноҳияҳои тобеи марказ 604 оила ба ҷойҳои нави зист кӯчонида шуданд. Раванди кӯчонидани оилаҳо дар дохили кишвар аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012», «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» сурат гирифтааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






