Кӯмакҳои хайриявӣ ба хона-интернатҳо
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дар соли 2011 аз тарафи вазорату идораҳои сарпараст, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 995 ҳазору 497 сомонӣ кӯмаки хайриявӣ расонида шудааст, ки он аз маводи ғизоӣ, либос, маводи хоҷагидорӣ, сӯзишворӣ, пули нақд ва дигар мавод иборат буд. Дар чунин иқдоми нек саҳми сарпарастон, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла ҶСК «Ориёнбонк», Ширкати алюминийи тоҷик, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони саховатманд назаррас мебошад. Соли 2011 фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳо тақвият ёфт. Дар ин муассисаҳо 80 га заминҳои корам, 10 га боғ, 92 сар чорвои калони шохдор, 275 сар парранда, 43 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад. Соли ҷорӣ дар хона-интернати Ёвон 15 оила, дар осоишгоҳи Харангон 8 оила, дар истироҳатгоҳи Ромит 6 оилаи занбӯри асал парвариш шуда ва дар хоҷагии ёрирасони хона-интернати шаҳри Турсунзода бо дастгирии соҳибкорон чорводорӣ ташкил карда шуд. Соли 2011 аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони муассисаҳо 217 029 сомонӣ даромади соф ба даст оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 87 496 ҳазор сомонӣ ё ба қадри 60 % зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






