Кӯшиши қочоқи маводи нашъаовар ҷилавгирӣ шуд
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи муташаккили қочоқгарони маводи нашъаоварро, ки маводи мухаддири аз Афғонистон овардашударо дар ҳудуди вилоят фурӯхтанӣ буд, ҷилавгирӣ намуд. Тавре дар маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба қарибӣ дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд кӯшиши ба фурӯш баровардани беш аз 2 килограмм бангдона ҷилавгирӣ шуда, ду сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муқаррар гардид, ки шаҳрвандони зикршударо сокини ноҳияи Ашт бо маводи нашъаовар таъмин кардааст. Вазни умумии маводи мусодирашуда қариб 4 килограммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.Мувофиқи суханони роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар, соли 2011 кормандони Агентӣ 4 гурӯҳи қочоқчиёни трансмиллиро фош намуда буданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






