Камбудиҳоро ислоҳ мебояд
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дирӯз дар Хадамоти истеҳсолию тиҷоратии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вобаста ба ташкили хизматрасонӣ ба мусофирон ҷаласа баргузор шуд. Қурбонмурод Эшназаров- сардори хадамоти мазкур иброз дошт, ки агарчи нишондиҳандаҳои меҳнатии соли гузашта хубанд, аммо барои соли ҷорӣ сатҳ ва сифати хизматрасониро баланд бардоштан зарур аст. Хадамоти истеҳсолию тиҷоратӣ аз сохторҳои калидии фурудгоҳ аст, ки бевосита бо мусофирон сару кор дорад. Таҳия, назорати доимии раванд ва танзими ҷадвали парвозҳо, қайди чиптаи ҳавопаймо, бағоҷи мусофирон, гуселу қабули мусофирон дар фурудгоҳ, бор кардан ва дастрас намудани бағоҷи мусофирон ва иттилоърасонӣ- маҷмӯи корҳоеанд, ки кормандони хадамот иҷро менамоянд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳоло ҳам дар фурудгоҳ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Муомилаи дурушт, сари вақт надодани иттилоъ, дер дастрас намудани бағоҷ норасоиҳоеанд, ки бояд ислоҳ шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






