Касбияти нозирони минтақавӣ баррасӣ мегардад

Январь 24, 2012 16:28

Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик фаъолияти нозирони минтақавии Раёсати корҳои дохилии /РКД/ шаҳри Душанбе аз нигоҳи мутобиқат ва касбият баҳри тақвияти чораҳои пешгирии қонуншиканӣ ва таҳкими робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Доир ба ин масъала Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сардори тозатаъиншудаи РКД –и шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков дар ҷаласаи шаҳрдорӣ дастур дод. Тибқи иттилои котиби матуботии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар ҷаласаи шаҳрдорӣ доир ба ҳолати ҷинояткорӣ дар пойтахт ва тадбирҳои баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳандозигардида Абдураҳмон Бузмаков, сардори РКД шаҳри Душанбе гузориш дод. Раиси шаҳр бо хулоса аз гузориши сардори РКД-и пойтахт зикр кард, ки РКД-и шаҳри Душанбе риояи низоми тартиботро дар пойтахт, ки то соати 23-00 (ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим) муқаррар гаштааст, аз ҷониби тамоми субъектҳои хизматрасон новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ зери назорати доимӣ қарор диҳад ва комиссияи ҷамъиятӣ масъалаи мазкурро ба таври доимӣ арзёбӣ намояд.

Январь 24, 2012 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд