Китобхонаи миллӣ-армуғон ба иди Наврӯз

Январь 16, 2012 16:37

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Аз шумораи умумии иншооти ҷашнии бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда, ки 1412 ададро ташкил медод, 91 адади он ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтааст, – зикр намуд 16 январ дар нишасти матбуотӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов. Абдувалӣ Комилов афзуд, ки бинои Китобхонаи миллӣ, ки шомили рӯйхати иншооти ҷашнист, дар арафаи иди Наврӯзи соли 2012 ба истифода дода мешавад. Ба қавли директори Агентӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон, рушди боэътимод ва ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақим ба ин соҳа аз омилҳои муҳими рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон мегардад. Зимни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорони васоити ахбори омма тавонистанд ба суолҳои худ аз масъулини Агентӣ посухҳои қаноатбахш бигиранд.

Январь 16, 2012 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад