Комёбии варзишгарон
Шаҳраки Сомониён, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Соҳаи варзиш дар ноҳияи Рӯдакӣ сол то сол ривоҷу равнақ меёбад. Соли сипаригардида дар ноҳия бо назардошти дастовардҳои анъанавии варзишгарони ноҳия дар риштаи дзюдо ва бо мақсади ривоҷу равнақи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон доир ба дзюдои ноҳияи Рӯдакӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар ҷамоатҳо клубҳои варзишии «Ориён» ва «Шараф» фаъолият менамоянд, ки зиёда аз 1500 нафар наврасону ҷавононро ба варзиш фаро гирифтаанд.Вазишгарон соли гузашта дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ соҳиби 4 медал- ду медали тилло ва ду медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 18 медали тилло, 12 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ гардиданд. Дастаи футболи «Ситора»-и ноҳия ба лигаи олӣ роҳхат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






