Комёбии Юсуф дар Баҳрайн
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Юсуф Тағоев, донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи исломии Тоҷикистон /ДИТ/ ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа дар озмуни байналмилалии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», ки дар Баҳрайн баргузор шуд, дар риштаи «30 пораи Қуръон» ҷои сеюмро мушарраф гардид. Юсуф донишҷӯи кафедраи улуми қуръонии ДИТ буда, дар озмун дар миёни намояндагони 40 давлати ҷаҳон Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. Умаралӣ Назарзода, ректори ДИТ мегӯяд: боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни донишкада, хусусан муҳассилини кафедраи улуми қуръонӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои сазоворро мегиранд. Ихтисоси улуми қуръонӣ дар миқёси донишкадаҳои исломии Осиёи Марказӣ танҳо дар ДИТ ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа ба роҳ монда шудааст. Алҳол дар ДИТ аз рӯи ин ихтисос беш аз 50 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






