Конфронс бахшида ба равобити дипломатии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори факултаи равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони кишвар 5 январ дар ДМТ бахшида ба 20 — солагии барқароршавии муносиботи дипломатии байни Тоҷикистон ва ҶМЧ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистону Чин» баргузор гардид.Иштирокдорони конфронсро муовини вазири корҳои хориҷӣ, профессор Низомиддин Зоҳидов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶМЧ дар ҶТ Фан Сянжун, узви Кумитаи оид ба корҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарифов, проректори қисми илмии ДМТ, профессор Маҳмадқул Каримов муборакбод намуданд. Мувофиқи суханони Фан Сянжун 20 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ иборат аз солҳои рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Чин буданд.Сафир перомуни дурнамои рушди ҳамкории ҳар ду кишвар сухан карда, гуфт, ки дар ин ҷода ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳоло ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин нақшаи калони ҳамкориро дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати истихроҷи маъдан, роҳсозӣ ва инфрасохтори энергетикӣ тарҳрезӣ менамоянд.«Мо асоси комил дорем, мутмаин бошем, ки муносибатҳои бисёрҷонибаамон дар оянда ҳам рушду густариш хоҳанд ёфт», — гуфт дар хотима Фан Сянжун.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






