Корхонаи нави коркарди санги мармар бунёд мешавад
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар шимоли мамлакат то охири нимсолаи аввал корхонаи нави коркарди санги мармар ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, корхонаи нав дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бунёд шуда, иқтидори он 15 ҳазор метри мураббаъ мармарро дар як сол ташкил медиҳад. Ҳоло ба ин ҷо таҷҳизоти сохти Чин барои сохтани хати технологӣ оварда мешавад.Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 4 корхонаи коркарди сангҳои рӯйкашӣ аз қабили санги хоро, мармар ва ғайра фаъолият доранд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






