Корхонаи трансформатори Қӯрғонтеппа ба сармоягузорӣ зарурат дорад

Январь 31, 2012 15:22

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаи трансформатори Қӯрғонтеппа ба сармоягузорӣ ва харидори доимии маҳсулоташ зарурат дорад. Дар робита бо ин, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бо ширкатҳои хориҷӣ перомуни ҷалби сармояҳо ҷиҳати рушди он гуфтушунид мекунад.Аз Вазорати энерергетика ва саноати ҶТ дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, ҳоло лоиҳаҳои инвеститсионии ширкатҳои махсуси Беларус, Украина ва Олмон пешниҳод шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳоло корхонаи трансформатори шаҳри Қӯрғонтеппа ба дараҷаи 10 – 15 фоизи иқтидораш кор мекунад. Соли 2011 корхона ҳамагӣ 113 трансформатор сохта ва фақат 97 — тои он фурӯхта шуд. Дар Вазорати энергетика ва саноати кишвар иттилоъ доданд, ки имрӯз харидори асосии маҳсулоти корхонаи трансформатори ШСХК «Барқи тоҷик» мебошад.

Январь 31, 2012 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд