Кумитаи дин бозпас овардани донишҷӯёнро назорат мекунад
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).–Аз ҷониби кормандони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргардонидан ва ҷобаҷо кардани донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ ба таври ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, тадбирҳои амиқ андешида шуданд.
Масъулини Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо падару модарони ин гуна донишҷуён вохӯрда, доир ба зарурат ва аҳамияти бозпас овардани онҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд,- иброз дошт ба хабарнигорон раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов.Мавсуф доир ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар соли 2011 гузориш дода, зикр намуд, ки то ин муддат 2472 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ таҳсил мекарданд. То имрӯз 2072 нафари онҳо ба Ватан баргаштанд, аз ҷумла 1219 нафари онҳо пас аз иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас оварда шуданд. Бо донишҷуёни баргашта мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҷиҳати таъмини кор машғул аст ва то имрӯз 202 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ҷаласа ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит”, ки маркази асосии таълими динии кишвар аст, айни замон 1411 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 427 нафар дар шӯъбаи ғоибона, дар мачмӯъ 1838 донишҷӯй аз рӯи 5 ихтисос таҳсил мекунанд. Дар Донишкада 197 корманд фаъолият мекунад. Аз ин теъдод 146 нафарашон омӯзгорону ёварон мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






