Кумитаи оид ба корҳои дин фаъолияти яксоларо чӣ гуна ҷамъбаст кард?

Январь 6, 2012 09:53

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 январ дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи кумита баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, аъзои ҳайати мушовара, Кароматулло Олимов, ректори ДИТ Умаралӣ Назаров ва мудирони шӯъбаҳои вилоятҳо ва мудирони бахшҳои оид ба корҳои дини ноҳияҳои тобеъи марказ иштирок намуданд.Дар ҷаласа раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов доир ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар соли 2011 гузориш дод. Ӯ зикр кард, ки фаъолияти кумита дар соли гузашта босамар буда, нисбат ба солҳои қаблӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст .Ҳамчунин масъалаҳои доир ба татбиқи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” мавриди таваҷҷӯҳи аъзои ҳайати мушовараи кумитаи мазкур қарор гирифт. Ҳамчунин раиси кумита доир ба баъзе камбудиҳо ва норасоиҳои дар фаъолияти шӯъбаҳои дини вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ишора намуда, барои рафъи онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин масъалаи дуюми маҷлис дар бораи “Нақшаи кории Кумита дар соли 2012”мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Баъд аз андешарониҳо нақшаи фаъолияти Кумита ва нақшаи фаъолияти Ҳайати мушовараи Кумита дар соли 2012 қабул шуд. Сипас мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров доир ба фаъолияти Кумита ва назорати Кумита оид ба татбиқи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ҳарф зада, ба фаъолияти кумита баҳои мусбӣ дод.

Январь 6, 2012 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!