Курсҳои либосдӯзӣ барои ШИМ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Маркази муҳити бемонеаи Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе курсҳои 8 – моҳаи либосбурию либосдӯзии шахсони имконияташон маҳдуд оғоз ёфтанд. Ширкати тиҷоратии «Фелиссимо» — и Ҷопон ва Ассосиатсияи кӯмаку дастгирии ( АКД) Ҷопон мададгори курсҳо мебошанд. Тавре дар АКД Ҷопон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин курсҳо ба иштирокдоронашон имкон медиҳанд, ки малакаҳои либосбурию либосдӯзиро пайдо намуда, бо ин васила барои рӯзгорашон маблағ пайдо кунанд. Машғулият дар курсҳо ҳафтае се маротиба ҳар рӯз 4 соатӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






