Лионел Мессӣ- беҳтарин марди мавсими футбол дар соли 2011
Душанбе, 11 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз раъйдиҳии хабарнигорони соҳаи варзиш ва муррабиёну капитанҳои дастаҳои футбол барои муайян кардани беҳтарин футболбози ҷаҳон, ки аз моҳи сентябр то 5 декабр идома ёфт, дар шаҳри Сюрихи Швейтсария ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа маротибаи сеюм Лионел Мессӣ- узви дастаи мунтахаби Аргентина ва “Барселона”-и Испания бо аксари овозҳо барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардид. Ӯ аз ҳарифонаш— Хавӣ ва Криштиан Роналду овози бештарро соҳиб шуд. Байни бонувони футболбоз Ҳомаро Саваи ҷопонӣ беҳтарин интихоб шуд. Хосеп Гвардиола, сармураббии тими «Барселона»-и Испания ва Норио Сазаки, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Ҷопон, бо унвони беҳтарин мураббиёни тимҳои мардона ва занона эътироф гардиданд.Ҷозеф Блаттер ба Алекс Фергюсон, сармураббии тими “Манчестер Юнайтед” ҷоизаи махсуси худро тақдим кард.Федератсияи футболи Ҷопон бо ҷоизаи «Fair Play» (“Бозии одилона”)ва Неймар, ҳамлагари тими «Сантос» ва мунтахаби Бразилия, бо ҷоизаи ба номи Ференс Пушкаш барои беҳтарин голи сол соҳиби ҷоиза шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






