Лоиҳаи қонун дар бораи мушорикати давлатию инфиродӣ
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Дар иҷлосияи 9 – уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳдошти вазъи сармоягузории назди Президенти ҶТ, ки бояд моҳи январи соли 2012 баргузор гардад, варианти охирини лоиҳаи қонун «Дар бораи мушорикати давлатию инфиродӣ» мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин ҳуҷҷатро гурӯҳи кории назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва раёсати амволи давлатии ҶТ дар ҳайати намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши инфиродӣ тарҳрезӣ намуда буд. Ба ҳайат ҳамчунин намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ шомиланд, ки дар кори иҷлосия фаъолона иштирок намуда, дар мавриди бахши инфиродӣ ва амалияи беҳтарини байналмилалӣ пешниҳодҳо ироа мекунанд. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи корӣ фаъолияташро идома дода ва то охири сол лоиҳаи қонунро ба ҳамаи вазорату идораҳои манфиатдор ҷиҳати мутобиқат ирсол доштанист. Мушовири бахши ҳуқуқи Котиботи Шӯрои машваратӣ Азиза Мавлонова аз ин хусус ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






