Маҳфили «Истеъдод»
Ҳисор, 4 январ.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар назди шӯъбаи ҳисории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили «Истеъдод» амал менамояд. Шӯъба ва маҳфили мазкур аз соли 2001 фаъолият дошта, то имрӯз зиёда аз 70-80 китоби хурду бузурги аъзои маҳфил ва шӯъбаи мазкур рӯи чоп омадааст.Дар ин ҷо шоирон ва нависандагони шинохта, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳидоятулло Раҳмонӣ, Султонмуроди Одина, Ҳакималӣ Назаралӣ, Фатҳуллои Азиз, Абдуҳалим Самадзода, Эгами Назрулло, Ворис, Саидҷон Уроқӣ, Салоҳиддини Садр баробари эҷоди пурсамар ба аъзои маҳфил маслиҳатҳои судманд дода, дар тарбияи шоирону нависандагони ҷавон саҳми арзанда доранд.Сарварии бахши ҳисории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро шоири шинохта Ҳидоятулло Раҳмонӣ ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






