Мактабиёни Тоҷикистон мақоми дуюмро касб намуданд
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар ҳошияи лоиҳаи Маркази илмию амалии ҷумҳуриявии «Дарин» ва мактаб – интернати махсуси ҷумҳуриявии лаёқатмандони шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи УШ анъанавии байналмилалии толибилмон аз рӯи фанҳои риёзӣ, физика ва иттилоот анҷом ёфт.Дар олимпиада 54 дастаи мактабҳои махсуси 18 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон ва ғайра иштирок доштанд.Аз рӯи натиҷаи олимпиада 7 дастаи беҳтарин муайян гардида ва ба ғолибон мукофот дода шуд.Дастаи Маркази махсуси таълимию илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави Русия соҳиби мукофоти асосӣ гардид. Дастаи шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуввум насиби дастаи мактаби риёзии шаҳри Софияи Булғористон ва литсейи тоҷикию туркии шаҳри Душанбе гардид. Дастаи мунтахаби Булғористон ҷойи сеюмро касб намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






