Маркази нави интернет
Рашт, 24 январ. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). – Бо дастгирии молиявии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт маркази интернет кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи маркази номбурда сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кен Гросс, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони дигари масъул ширкат доштанд.Сафир зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки марказ аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии «Маърифатнокӣ роҳандозӣ шуда ва ҳамаи муштариён метавонанд аз ин шабакаи ҷаҳонӣ ба таври ройгон истифода намоянд. — Марказ бо 8 адад компютер ҷиҳозонида шуда, ҳамарӯза дар хидмати мизоҷон қарор дорад, — иброз дошт Кен Гросс.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






