Машварати кори дар назди Сарвари Давлат
Душанбе, 28 январ . (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, машварати корӣ доир намуд.Дар машварат аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ин чорабиниҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбута, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар иштирок намуданд.Доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ, ки имсол дар даҳаи сеюми моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва Муовини сарвазири кишвар Рўқия Қурбонова гузориш доданд.Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, намояндагони 40 давлат ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд.Дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ низ иштироки роҳбарони як қатор давлатҳои ҷашнгирандаи ин иди бостонӣ ва намояндагони воломақом ва аҳли илму фарҳанг аз кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон дар назар аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба омода кардани нақшаю барномаҳои ин чорабиниҳои байналмилалӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтани соли нави аҷдодӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки корҳои ободонию кабудизоркунӣ, бунёди боғу гулгаштҳои зебо, тозаю озода кардани ҳар хона ва кўчаю хиёбонҳо, ба роҳ мондани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, озмунҳои гуногуни ҳунармандони мардумӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҳар деҳаю ҷамоат вусъат дода шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






