Матлубхон Давлатовро кӣ иваз кард?
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов, ки қаблан роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба вазифаи муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров, ки қаблан вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустам Менглиев, ки қаблан муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Сафаров, ки қаблан раиси шаҳри Норак буд, ба ҷойи Нурулло Шулашов директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» таъйин гардиданд. Ҳамзамон, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба мақоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров бошад, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






