Медали тилло барои сифати баланд
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар»). – ҶДММ «Намаки Ёвон» дар соли 2011 ба маблағи 797 ҳазор сомонӣ маҳсулот бароварда ва дар дохили кишвар ба маблағи 256 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот фурӯхтааст. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Харидори асосии маҳсулоти корхона ширкатҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумор мераванд. Ҳамчунин қисми дигари маҳсулот ба КВД «Обу корез» — и шаҳри Душанбе ва ба аҳолӣ фурӯхта мешавад. Тавсифи техникии намаки ёддноки навъи «Экстра» ҷавобгӯи талаботи стандартӣ буда, дар дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир аст. Ёдовар мешавем, ки соли 2003 раёсати Бунёди байналмилалии сифат ҶДММ «Намаки Ёвон» — ро бинобар баланд будани сифати маҳсулоташ бо медали тилло мукофотонида буд.Барои зиёд кардани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 450 ҳазор доллари ИМА хати технологии истеҳсоли намак харидорӣ намуда ва бо ин васила иқтидори истеҳсоли шабонарӯзии намак ба 60 тонна расонида мешавад.Мавриди зикр аст, ки ҶДММ «Намаки Ёвон» соли 1996 ба истеҳсоли намаки ошии навъи «Экстра» дар заминаи кони намаки Тутбулоқ ба кор шурӯъ карда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






