Механизми нави пардохти нафақа
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар ҳамаи намояндагиҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа механизми нави пардохти нафақа тавассути кортҳои пластикии бонкӣ роҳандозӣ шудааст. Ҷорӣ намудани механизми нав дар намояндагиҳои бонки мазкур дар Исфара, Истиқлол, Норак ва Ваҳдат аз моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфт.Тавре дар «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар оғози моҳи январи соли 2012 шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ қариб 165 ҳазор нафарро ташкил дод, ки беш аз 157 ҳазор нафари онҳо нафақагирон мебошанд.Мувофиқи суханони манбаъ, соли 2011 ба суратҳисобҳои транзитии буҷаи давлатӣ 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ва 836 миллиону 300 ҳазор сомонии саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ ворид гардид, ки ҳамаи онҳо тавассути намояндагиҳои бонк ба суратҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд. Дар ҳамин давра тавассути намояндагиҳои «Амонатбонк» ба ташкилотҳои буҷавӣ 1 миллиард сомонии нақд расонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 баробари 11,6 фоиз зиёд буд. Аз ҷумла, барои пардохти маош 904 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Қобили зикр аст, ки Вазорати молияи ҶТ барои пардохти нафақаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 85 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






