Мевахушккунаки офтобӣ сазовори диплом шуд
Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукуматулло Аҳмадов, олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию сабзавоткорӣ дар соли 2011 ба гирифтани 8 патенту 32 шаҳодатномаи муаллифӣ ноил гардиданд. Дар соли сипаришуда аз тарафи олимони пажӯҳишгоҳи мазкур ду навъи дарахтони мевадиҳандаи серҳосил ва як навъи сабзавот ноҳиябандӣ гардида, ду навъи зардолуи офаридаи олимон дар арафаи ноҳиябандӣ қарор дорад.Дар соли сипаригардида олимони ин пажӯҳишгоҳ ҳамчунин се навъи пиёзро барои омӯзиш ба Комиссияи давлатӣ пешниҳод намуда, намунаи таҷрибавии таҷҳизоти мевахушккунаки офтобии олимон сазовори дипломи дараҷаи якуми озмуни вилоятии Суғд гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






