Муҳокимаи истироҳати тобистона дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Соли гузашта беш аз 600 нафар кӯдакону наврасони вилояти Хатлон таътили худро дар урдугоҳҳои наздишаҳрӣ ва минтақаҳои истироҳат сипарӣ намуданд. Тавре раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Иброҳим Азизов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, барои ин мақсад беш аз 260 ҳазор сомонӣ сарф шуд, ки назар ба нишондоди солҳои гузашта зиёд аст. Мувофиқи суханони Иброҳим Азизов, кӯдакону наврасон ҳамчунин имкон доштанд. ки тобистонро дар урдугоҳҳои наздимактабии «Шарора» — и ноҳияи Мӯъминобод, «Шифобахш» — и ноҳияи Вахш, ҳамчунин дар истироҳатгоҳи «Деҳмой» — и вилояти Суғд сипарӣ намоянд.- Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истироҳати кӯдакон аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Вақтҳои наздиктарин масъалаи тайёрӣ ба истироҳати нави тобистонаи кӯдакону наврасон мавриди баррасӣ қарор мегирад, — гуфт Иброҳим Азизов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






