Муҳокимаи масъалаҳои истифодаи самарабахши замин

Январь 26, 2012 11:53

Қӯрғонтеппа, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – «Бояд ҳангоми истифодаи замин қонуният қатъиян риоя шавад, зеро дар натиҷаи фориғболии баъзе роҳбарон дар амри истифодаи самараноки замин ва риояи қонуният камбудиҳо ба назар мерасанд», — гуфт раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов дар маҷлиси машваратӣ, ки 24 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар ҷаласа прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои вилоятӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд.Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Салимзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти прокуратура дар амри истифодаи замин бисёр қонуншиканиҳоро ошкор намудааст. Мавсуф рафтори кормандони масъули ноҳияи Вахшро аз ҷумлаи чунин қонуншиканиҳо маънидод кард.

Январь 26, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд