Муҳокимаи масоили омодагӣ ба конфронс
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 23 январ дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар САҲА Абдулмуҳаммад Шукуфон бо Муншии умумии САҲА Ламберто Занниер баргузор гардид. Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мавзӯи асосии мулоқот масоили омодагӣ ба конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон буд, ки бояд 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Намояндагони ваколатдори ҳар ду кишвар даъватномаи расмии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Афғонистон Залмай Расулро дар мавриди иштирок дар кори конфронс ба Муншии умумии САҲА Ламберто Занниер супурданд.Муншии умумии САҲА дар навбати худ барои даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос карда, мақоми Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари фаъоли узви САҲА дар раванди таҳким бахшидани сулҳу суботи Афғонистон ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, гуфт, ки САҲА минбаъд ҳам ба рушду густариши ҳамкории самарабахши миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.Худи ҳамон рӯз мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Австрия Н.Шамсов бо Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат хонум Канде Юнкелла баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот даъватномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ҷиҳати иштирок дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон ба К.Юнкелла супурда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






