Муҳокимаи такмили раванди савдои хориҷӣ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Масъалаҳои осон гардондани равандҳои фаъолияти савдои хориҷӣ масоили басо муҳими дигаргунсозиҳои иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд», — гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лариса Кислякова зимни мизи мудаввар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Дар мизи мудаввар масъалаҳои татбиқи созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мувофиқи суханони Лариса Кислякова, баъди дидани чораҳо ҷиҳати либерализатсияи савдои берунӣ ва коҳиш додани монеаҳо рушди босуръати муомилоти савдои берунии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ҳамгироӣ дар системаи иқтисодии ҷаҳон шароити мусоиди такмили равандҳои савдои берунӣ ва мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ гардонидани онҳоро фароҳам меорад.Л.Кислякова ҳамчунин зикр намуд, ки мақсади асосии татбиқи лоиҳаи системаи ягонаи иттилоотии Хадамоти гумрукӣ иборат аз мадад ба рушди иқтисодиёти кишвар, беҳдошти шаффофияти равандҳои гумрукӣ мебошад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ҳаҷми савдои берунӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ афзун гардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






