Муаррифии захираҳои туристии кишвар

Январь 30, 2012 15:20

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Гурӯҳи роҳбарони созмонҳои мададрасон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ оид ба масъалаҳои вобаста ба рушди Тоҷикистон ҷаласа доир менамоянд. Гурӯҳи мазкур аз роҳбарони намояндагиҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ иборатанд.Дар айни замон роҳбарии гурӯҳро сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял ба ӯҳда дорад. Ба ҷаласаи навбатии гурӯҳ барои муаррифии захираҳои туристии Тоҷикистон ва баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди туризм дар Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов даъват гардид. М.Неъматов доир ба корҳои анҷомдодаи сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконоту захираҳои туристии мамлакат сухан гуфт. Баъдан аъзои гурӯҳ ба раиси кумита саволҳои худро пешниҳод намуданд.Раиси кумита М.Неъматов ба суолҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода, аз аъзои гурӯҳ ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа ва ҳамзамон табодули таҷрибаи мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ даъват ба амал овард.Муаррифиномаи захираҳои туристии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳ мусбат баҳогузорӣ гардида, перомуни ҳамкориҳои дуҷониба омодагӣ изҳор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 30, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!