Мулоқот дар Женева
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Намояндаи доимии ҶТ дар шӯъбаи женевагии Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Женева Салоҳиддин Насриддинов бо муовини муншии иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо (КИА) Андрей Василев сӯҳбат намуд.Дар ҷараёни сӯҳбат роҷеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон мубодилаи афкор барпо гардид. Намояндаи Тоҷикистон С.Насриддинов ҳамчунин бо Директори генералии Созмони байналмилалии оид ба муҳоҷират (СБМ) Уилям Леси Свинг мулоқот анҷом дод.Сафир даъватномаи расмии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавриди иштирок дар конфронсро ба намояндаи баландпояи СБМ супурд.Директори генералии СБМ дар навбати худ ба масъалаҳои ҳамкории созмони мазкур бо мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва вазъи муҳоҷирони афғон дар кишвар таваҷҷӯҳи хоса дод.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






