Мулоқоти Э.Раҳмон бо Ч.Чжили
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чэн Чжилиро ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 20-уми муносиботи дипломатии Тоҷикистону Чин ташриф овардани намояндаи воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чинро нишонаи сатҳи баланди равобити дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуд. «Мавқеи Тоҷикистон доир ба ягонагӣ ва якпорчагии кишвари ҳамсоя бо принсипи «Чини Ягона» устувору тағйирнопазир аст», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Чэн Чжили ҳам муносиботи ду кишварро дорои хислати дўстӣ, ҳамсоягии наку ва ҳамкорию ҳамшарикии гуногунпаҳлў номида, таъкид дошт, ки ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ таҳкиму тақвияти истиқлолияти ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Гуфтугўи судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2011 нисбат ба солҳои аввали муносиботи дипломатии ду кишвар 600 маротиба афзудааст. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, аз қабили бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, таъкид доштанд. ҳамчунин доир ба роҳҳои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёти Афғонистон ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар он ва ҳамшарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






