Мулоқоти раиси ПСС ҶТ бо сафири Куриё
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дирӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Сайид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Куриё дар ҶТ ҷаноби Ён Ёнг – Ку баргузор гардид. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои техникии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2012» дар шаҳри Ёсуи Куриёро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре дар маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Сайид дар ҷараёни мулоқот ба меҳмон аз вазъу самтҳои дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, зарурати рушду густариши ҳамкориҳо бо василаи доир намудани мулоқоти тоҷирон, намоишгоҳҳо ва дидани чораҳои гуногуни муштарак нақл кард. Шариф Сайид аз ҷумла, гуфт, ки ҳоло лоиҳаи Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи тайини комиссари генералии намоишгоҳ ва оператори миллии он мавриди муҳокима қарор мегирад. Лоиҳаи қарори мазкур вақтҳои наздик ҷиҳати баррасӣ манзури Ҳукумати ҶТ гардонида мешавад. Сафир аз ҷониби худ изҳор дошт, ки кишвараш хоҳони тезонидани раванди мазкур аст. Ӯ итминон дод, ки сафорат ба масоили ташкилӣ ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






