Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муҳаммад Аслам Хон
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов 6 январ бо директори Департаменти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ( СҲИ) ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Асламхон мулоқот доир намуд. Омодагӣ ба Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26 – 27 марти соли 2012 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мавзӯи меҳварии мулоқоти ҷонибҳо қарор гирифт. Сафир З. Зубайдов қайд намуд, ки конфронси мазкур дар сатҳи баланд бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардида, барои ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон, аз ҷумла барқарорсозии иқтисодиёти он мусоидат хоҳад кард. Дипломати тоҷик ҳамчунин таъкид сохт, ки иштироки Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳайати босалоҳияти Покистон дар ин чорабинӣ зарур мебошад. Дар навбати худ Муҳаммад Асламхон ин пешниҳодро хуб пазируфта, баргузор гардидани конфронси мазкурро муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки Покистон ба ҳалли мусбати қазияи Афғонистон ва барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвар манфиатдор мебошад. Аз ин рӯ, ба гуфти дипломати покистонӣ, Покистон доир гардидани Конфронси RECCA-V-ро дар Душанбе ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва ҳайати баландпояи кишвар дар он иштирок хоҳад намуд. Директори Департамент илова кард, ки бояд ҳамаи кишварҳои минтақа ва пеш аз ҳама Тоҷикистону Покистон дар ҳалли мушкилоти Афғонистон фаъолона иштирок дошта бошанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






