Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо сафири Афғонистон дар Брюссел

Январь 18, 2012 09:25

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). 17 январи соли 2012 дар шаҳрии Брюссел мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Рустамҷон Солиев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Ҳумоюн Тандар баргузор гардид. Сарони намояндагиҳои дипломатӣ роҳҳои ҳамкории муштаракро дар истифода аз имконоти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дар соҳаҳои мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳад ва истифодабарии имконоти иқтисодӣ, маърифатӣ, коммуникатсионӣ ва нақлиётиву гидроэнергетикии Тоҷикистонро барои бозсозии иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон баррасӣ ва мувофиқа намуданд. Ҳамзамон сафирон рафти омодагӣ ба гузаронидани Панҷумин Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистонро (RECCA V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карданд. Р. Солиев ва Ҳ. Тандар пешниҳодоти мушаххасро ҷиҳати таъмини сатҳи баланди иштироки намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар кори конфронси номбурда ва ташаккули афкори ҷамъиятии муносиб дар Аврупо таҳия намуданд.

Январь 18, 2012 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд