Мусобиқаи дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар самбои муҳорибавӣ

Январь 18, 2012 15:17

Душанбе, 18 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Рӯзи 20-уми январи соли ҷорӣ дар клуби варзишии VIP мусобиқаи дӯстона доир ба самбои муҳорибавӣ ва омехта байни тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад. Дар муҳориба 11 ҷуфт варзишгар- 5 ҷуфт аз намуди самбои муҳорибавӣ ва 6 ҷуфт дар муҳорибаҳои омехта бо ҳам рӯи майдон меоянд. Варзишгарони тоҷик ба ин мусобиқа хеле хуб омодагӣ дидаанд. Чанде қабл онҳо дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ, ки дар шахри Сочӣ барпо гардид, ширкат доштанд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ба ҳам наздик кардани муносибатҳои дӯстона ва ба ҳам омадани варзишгарони кишварҳои Тоҷикистону Русия мебошад. Ғолибонро мукофотҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти мусобиқа интизор аст. Умедворем, ки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи аввалине, ки дар Душанбе мегузарад, маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, хотири мухлисонро шод мегардонанд.

Январь 18, 2012 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд