Мусобиқаи шиноварӣ миёни донишҷӯдухтарони суғдӣ

Январь 31, 2012 10:13

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шиноварӣ байни занон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш байни занону духтарон мебошад. Дар озмуни мазкур байни донишҷӯён Таҳмина Аҳатзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) соҳиби ҷойи якум, Шаҳноза Аминова, донишҷӯи донишгоҳи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Гулчеҳра Ахметбоева, донишҷӯи ДДҲБСТ соҳиби ҷойи сеюм, дар байни занон Шаҳло Аҳмадова — омӯзгор, соҳиби ҷойи якум, Гулнора Норова – муҳосиб, соҳиби ҷойи дуюм, Раъно Маърипова – хонашин, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд ва ба онҳо диплом ва мукофотҳои шӯъбаи кор бо занон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд тақдим гардид. Занону духтарони шаҳри Хуҷанд имкон доранд рӯзҳои шанбе ва чоршанбеи ҳар ҳафта ба ин намуди варзиш машғул шаванд ва дар баробари он дар мусобиқаҳои шиноварӣ низ иштирок намоянд.

Январь 31, 2012 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид