Мусобиқаи шиноварӣ миёни донишҷӯдухтарони суғдӣ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар «Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шиноварӣ байни занон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш байни занону духтарон мебошад. Дар озмуни мазкур байни донишҷӯён Таҳмина Аҳатзода, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) соҳиби ҷойи якум, Шаҳноза Аминова, донишҷӯи донишгоҳи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм, Гулчеҳра Ахметбоева, донишҷӯи ДДҲБСТ соҳиби ҷойи сеюм, дар байни занон Шаҳло Аҳмадова — омӯзгор, соҳиби ҷойи якум, Гулнора Норова – муҳосиб, соҳиби ҷойи дуюм, Раъно Маърипова – хонашин, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд ва ба онҳо диплом ва мукофотҳои шӯъбаи кор бо занон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд тақдим гардид. Занону духтарони шаҳри Хуҷанд имкон доранд рӯзҳои шанбе ва чоршанбеи ҳар ҳафта ба ин намуди варзиш машғул шаванд ва дар баробари он дар мусобиқаҳои шиноварӣ низ иштирок намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






