Мутахассиси тоҷик мукофот гирифт
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Сардори шӯъбаи танзими лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва истифодаи амволи давлатии ҶТ Зоҳир Мирзоев барои саҳмаш ба барқароршавӣ ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо медали ҷашнии «10 соли Созмони Ҳамкории Шанхай» мукофотонида шуд.Мукофоти фахриро Дабири кулли СҲШ М.Имоналиев дар ҳамоиши байналмилалии роҳбарони созмони «Рушди бахши инфиродӣ: савдои байналмилалӣ» супурд. Зоҳир Мирзоев барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мукофотонида шудааст. Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, қисми зиёди ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар амри рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа натиҷаи хуб бахшиданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






