Муваффақияти корхонаҳои ордбарорӣ ва нонпазӣ
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат дар соли 2011 корхонаҳои ордбарорию нонпазӣ бе қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби истифодаи захираҳои дохилӣ беш аз 1,5 млн.тонна орд ва 1 млн. 765 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол намуданд. Дар ҷумҳурӣ 19 корхонаи орд фаъолият дорад, ки дар як шабонарӯз 1 ҳазору 520 тонна орд истеҳсол менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки корхонаҳои ҶДММ «Сомон –Тӯрон- Инвест» ва ҶММ «Маколлӣ» хати нави технологии истеҳсоли макарони спагеттиро ба роҳ монданд. Дар соли 2011 ҳамчунин ҶДММ «Ширкати ғалла»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ хати нави технологии истеҳсоли макаронро ба роҳ монд, ки он боиси кам кардани воридоти маҳсулоти макаронӣ аз хориҷи кишвар гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






