Нақшаҳои кории вазири нави маориф
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). Дар асоси Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳо мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо, ки аз сӯи парлумони кишвар тасдиқ шуд, минбаъд дипломҳое, ки ба хатмкунандагони мактабҳои олии Тоҷикистон дода мешаванд, дар давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо эътироф мегарданд. Санади мазкурро дар назди вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат вазири тозатаъиншудаи маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов тавзеҳ дод. Вазир афзуд, ки Конвенсия дар ҷараёни сафари расмии Президенти ҷумҳурӣ тобистони соли 2011ба кишварҳои аврупоӣ дар шаҳри Страссбург ба имзо расидааст. Ҳамзамон, вазири маориф роҷеъ ба нақшаҳояш ва дурнамои рушди соҳаи маорифи кишвар, хусусан баланд бардоштани савияи дониши толибилмону донишҷӯён, тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ дар мктабҳои олӣ, ҷорӣ сохтани ислоҳот дар бахши маориф ва дар воҳидҳои сохтории вазорати маориф ба вакилон маълумот пешниҳод сохт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






