Нафақагирони шаҳри Ваҳдат ба кортҳои бонкӣ гузаштанд

Январь 30, 2012 11:09

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар филиали БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Ваҳдат маросими расмии гузариш ба хизматрасонии кортии нафақагирон доир гардид. Шумораи нафақагирон дар шаҳри Ваҳдат беш аз 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар доираи татбиқи чорабинии мазкур дар бинои филиали номбурда як адад дастгоҳи банкомат насб гардида, тамоми нуқтаҳои пардохти нафақа бо пос-терминалҳо таъмин карда шуданд. Дар баробари иҷрои корҳои техникию ҳуҷҷатгузорӣ масъулин диққати ҷиддиро ба корҳои иттилоотонию фаҳмондадиҳӣ равона намуда, аз ҳисоби кормандон гурӯҳҳои фоҳмондадиҳӣ ташкил кардаанд. Гурӯҳҳо ба нафақагирон тарзу усули кор ва қоидаҳои истифодаи кортҳоро фаҳмонида, дар марҳилаи аввал ба онҳо кӯмаки амалӣ мерасонанд. Яке аз барномаҳои мавриди таваҷҷӯҳ, ки солҳои охир аз тарафи «Амонатбонк» дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ амалӣ мешавад, ин Барномаи гузариши пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ мебошад. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур сар аз соли 2009 дар саросари кишвар роҳандозӣ шуда, имрӯзҳо даври сеюми он дар арафаи анҷомёбист.

Январь 30, 2012 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад