Намоиши филми «Ними шаб дар Париж»
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»). – 9 январи соли 2012 дар Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ дар ҳошияи лоиҳаи «Доираи ҳамкорӣ» филми «Ними шаб дар Париж» намоиш дода шуд. Коргардони ин филм Вуди Аллен мебошад, ки дар ҷаҳони ҳаводорони синамо ва актёрони муосир чун коргардони беҳтарин ном баровардааст.Ин филм мавриди таваҷҷӯҳи мунаққидон қарор гирифта, яке аз филмҳои беҳтарини мазҳакавӣ тайи солҳои охир маҳсуб мешавад. Дар филм нақши асосиро ҳунарпешаи машҳури бахши мазҳака Овен Вилсон иҷро мекунад. Дар маросими намоиши филм донишҷӯёни донишкадаҳои мухталифи олии пойтахт, шаҳрҳои Маскав, Ҳон – Конг, Лондон ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии ҷамъиятии ҶТ ҳозир буданд.Дар ин бора корманди калони илмии Осорхонаи ба номи З.Шаҳидӣ Гулчеҳра Маҳмадҷонова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






